Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд

Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд
Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд

03.03.2022

Санаи 02 марти соли равон дар доираи Барномаи дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд (минбаъд БОР) оид ба таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси БОР вохӯрии виртуалии Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) муҳтарам Ғафуров А.А. бо роҳбари ҳайати кории БОР ҷ-би Ю. Мияки, инчуни ҷ-би Ҷ. Ҷанетто,  М. Бобоев ва дигар ҳайати намояндагони БОР баргузор гардид. Аз ҷониби Хазина дар вохӯрӣ муовини Раиси Хазина Асоев М.Қ. низ иштирок намуд.

Мақсади вохӯрии мазкур аз гузаронидани машваратҳо бо сохторҳои дахлдори иқтисодӣ, аз он ҷумла бо Хазина ҷиҳати мониторинги иҷроиши масъалаҳои асосии дар барномаи болозикр муқарраршуда, бахусус дар самти пешбурди ислоҳотҳо ва тадбирҳои пешбинишудаи он, иборат буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Хазина доир ба вазъи феълии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда, механизмҳои нигоҳдории устувории молиявӣ ҳангоми касри Хазина, нишондиҳандаҳо молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти Хазина маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки Хазина фаъолияти худро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда, раванди пардохти босамари ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда таъмин намуд.

Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба мавзӯҳои густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи пасандозҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, ҳамчунин баррасии имкониятҳои иловатан пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ ва масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқот бархурдор шуда, дар навбати худ роҳбари ҳайати БОР ҷ-би Юҷи Мияки изҳори ҳавасмандӣ намуд, ки БОР омода аст пешниҳодҳои минбаъдаи Хазинаро барои дарёфти кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Дар охир Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба ҳайати кории БОР изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо БОР баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email