Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Санаи 12 ва 13 марти соли 2024 и.в. Раиси Хазина Асоев М.Қ. дар бинои Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ» бо ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар симои Пиетро Каличе роҳбари гуруҳ ва Росен Николов мушовири Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот доир намуд.

Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба вазъи ҷории низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, масъалаҳои мубрами иҷрои компонентҳои лоиҳа, баррасии корҳо ва заминаҳои ҳуқуқии он, муайян намудани норасоиҳои дар самти мазкур мавҷуда, инчунин оид ба раванди сармоягузории маблағи Хазина ва масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро табодули назар карданд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи «Рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ» аз се компонент иборат буда, яке аз компонентҳои он тақвияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур таҳкимдиҳии устувории молиявӣ тавассути маблағгузории грантӣ ба Хазина, инчунин мусоидат дар автоматикунонии раванди пардохти ҷубронпулӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба низоми суғурта амонату пасандозҳоро дар бар мегирад.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.

 

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email