Вохӯрӣ бо ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор

Вохӯрӣ бо ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор

30.01.2024.

Вохӯрӣ бо ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор

Санаи 29 январи соли 2024 дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) дар доираи ташрифи ҳайати кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) вохӯрии и.в. Раиси Хазина Асоев М.Қ. бо гурӯҳи мутахассиони ХБА ҷаноби Ларс Боман (мушовири иқтисодӣ), Арчил Мествиришвили (мутахассиси мустақил) ва хонум Алтинай Айдарова (мушовири доимӣ) дар мавзӯи рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти Хазина оиди масъалаҳои ҷории Хазина, аз ҷумла вазъи нишондодҳои молиявӣ, ҳолати низоми суғуртаи амолнату пасандозҳо, раванди сармоягузорӣ ва идоракунии маблағҳои озоди Хазина ва дигар масъалаҳои мубрам ба диққати ҳайати ташрифкунандагон расонида шуд.

Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи мутахассисони ХБА нисбати масъалаҳои рушди бозори сармояи дохилӣ, бахусус бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ бо назардошти таҳлили имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорони институтсионалӣ бо зикри таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ маълумот дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.

 

 

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email