Вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
26.10.2021
Санаи 25-уми октябри соли 2021 дар доираи ташрифи виртуалии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) Ғафуров Асадулло Абдушукурович бо роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон ҷ-би Селим Элекдаг ва дигар коршиносони калидии ХБА баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки мақсади умумии ташрифи ҳайати ХБА аз гузаронидани машварат бо сохторҳои дахлдори иқтисодӣ ҷиҳати мониторинг ва арзёбии вазъи иқтисодию молиявии кишвар тибқи талаботи моддаи IV-и Созишномаи ХБА, инчунин муайян намудани чораҳои минбаъда бо дарназардошти ислоҳотҳои афзалиятнок баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ иборат мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Хазина доир ба вазъи феълии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда, нишондиҳандаҳо ва тағйиротҳои пешбинишаванда, инчунин дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти Хазина маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки Хазина фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда, раванди пардохти босамари ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда таъмин намуда истодааст.
Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба мавзӯи тақвият бахшидани фаъолияти Хазина, густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи пасандозҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, механизмҳои нигоҳдории устувории молиявӣ ҳангоми касри Хазина, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд.
Дар охир Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба ҳайати кории ХБА барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳо ва тавсияҳои минбаъда изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.