Тартиби узвият ба Хазина

Тартиби узвият ба Хазина

Тартиби узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина

Мутобиқи моддаи 12 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби амонату пасандозҳо дорад, узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон мебошад.

Ташкилоти қарзӣ дар давоми се рўзи баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавӣ ҳаққи бебозгашти узвиятро ба Хазина бо пули миллӣ пардохт мекунад.

Хазина дар давоми се рўзи кори баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил намуда, ба он тасдиқномаи узвиятро медиҳад.

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

1. Мактуби расмии ташкилоти қарзӣ ба номи Раиси Хазина оиди қабул намудани он ба узвияти Хазина;

2. Нусхаи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди ҷалби амонату пасандозҳо;

3. Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

4. Ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ ба санаи аъзошавӣ ба Хазина;

5. Маълумот оид ба маблағи ҳисобшуда ва пардохтшудаи ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба суратҳисоби Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон:

Суратҳисоб дар БМТ: 22802972200046
РМА 010018157
БИК 350101101