Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии аъзои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо
19.09.2023
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Баракат Молия” Иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ дода шуд.
Бинобар ин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” аз ҷониби Хазина ба ҶДММ ТАҚХ “Баракат Молия” Тасдиқнома дар бораи узвият таҳти №069 аз санаи 19 сентябри соли 2023 дода шуд ва ташкилоти мазкур ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии аъзои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуд.
Views:
260