Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғурта
Пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ гузошта шудаанд ва бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд, объекти ҳатмии суғурта мебошанд.
Суғуртаи пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина монда шудааст. Маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври автоматӣ суғурта шуда, дар сурати фарорасии ҳолати суғуртавӣ ҷуброни пули он аз ҷониби Хазина пардохт карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, шахсони воқеӣ ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ доранд.
Ҳолати суғуртавӣ чист?
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Андозаи ҷубронпулии суғурта
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ба пасандоздорон маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо дар доираи андозаи ҷубронпулӣ пардохт менамояд*.
Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ”, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ чунин мебошад:
- бо пули миллӣ на зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 34 000 сомонӣ;
- бо асъори хориҷӣ на зиёда аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 23 800 сомонӣ*.
_______________________________________________________
* – Эзоҳ: Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, аз санаи 01 январи с.2023 андозаи нишондҳианда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 68 сомонӣ муқаррар шудааст.
* – Эзоҳ: Агар маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз андозаи ҷуброни суғурта зиёд бошад, пас дар ин ҳолат боқимондаи маблағи пасандозҳо аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда, пардохт карда мешавад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад, агар:
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо пули миллӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта ба андозаи на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо асъори хориҷӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ суратҳисобҳои пасандозӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дошта бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ дар асоси меъёрҳои дар қисми 1 моддаи 22 Қонун пешбинишуда пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи умумии ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳо набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар тибқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
- пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ пасандоздор ҳуқуқ дорад;
- пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
- пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
- пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.
- пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.