Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

03.11.2023 

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар эълон намуда, дар айни замон, ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизоми давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии конститутсионӣ эътироф кардааст.

Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо, ҳамватанони гиромӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандорӣ ва рӯҳу илҳоми тоза орзу намуда, 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамонро бароятон табрик ва муборакбод мегӯем.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email