Пардохти ҷубронпулии суғурта

Пардохти ҷубронпулии суғурта

Тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта

Пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди бонк-агент, ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда, инчунин дар сомонаи расмии Хазина www.idif.tj ҷойгир карда мешавад.

Пардохтҳои ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо на дертар аз 14 рӯзи тақвимӣ пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ оғоз мегардад. Пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути бонк-агент дар асоси аризаи пасандоздор, дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад.

Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздор (аризадиҳанда) ё намояндаи қонунии вай бояд дар давоми як сол аз рӯзи рух додани ҳолати суғуртавӣ ба бонк-агент муроҷиат кунад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

  • Ариза оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта дар шакли муқарраршуда (ба пасандоздор дар бонк-агент пешниҳод мегардад);
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
  • Шартномаи пасандози бонкӣ;
  • Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.

Намунаи ариза:


 
Намунаи ариза оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта