Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ чист?

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кафолати ҷуброни пасандозҳоро медиҳад. Ҳадафи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.

Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад.

Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд.

Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд.

Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:

  • Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
  • Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.