Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк”

Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк”
Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк”

13.07.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад.

Тибқи ҳисоботҳои фосилавӣ дар давраи аз 02 то 12 июли соли равон аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 160 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ, ки 37 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Ҷараёни пардохт (ба санаи 12/07/2021):

 

Пардохтҳо тавассути БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки аз номи Хазина ва аз ҳисоби он ба сифати бонк-агент баромад мекунад, амалӣ шуда истодаанд. Барои хизматрасонии пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” 71 воҳиди сохтории бонк-агент дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе (7 филиал), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (13 филиал), Вилояти Суғд (18 филиал), Вилояти Хатлон (25 филиал) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (8 филиал). Руйхати филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” анҷом дода мешавад, дар сомонаи Хазина дастрас аст.

Мутобиқи қонунгузорӣ раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон дар давоми то як сол амалӣ карда мешавад. Бинобар ин, пасандоздорон барои гирифтани ҷубронпулии суғурта метавонанд дар давоми то як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, Хазина ба ҳамаи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда хотиррасон менамояд, ки ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент ҳатман қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва масофаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути манбаҳои зерин дастрас намоед:

 

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email

Охирин хабарҳо

Мо дар Facebook