Мақоми ҳуқуқӣ
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” таъсис дода шудааст, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратии дорои тавозуни мустақил ва мӯҳри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси шартномаи байни бонкҳо ва Оинномаи он, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият менамояд. Ҳадафи Хазина – ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ мебошад.
Дар натиҷаи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ, Хазина ӯҳдадор аст, ки пасандозҳои суғурташудаи мизоҷонро ҷуброн намояд. Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ки узви Хазина мебошанд, ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил карда шуда, шаҳодатномаи узвиятро доро мебошанд. Бояд қайд кард, ки суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Хазина ба зиммаи худи ташкилотҳои қарзӣ гузошта шудааст ва бар дӯши пасандоздорон ҳеҷ гуна хароҷот вогузор карда намешавад.
Мақсади Хазина

Мақсади Хазина аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷуброни суғурта ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Диди Хазина
Ҳамчун як ташкилоти босамар ва муассири суғуртакунандаи пасандозҳои шахсони воқеӣ будан аст.
Арзишҳои Хазина
Арзишҳо ва принсипҳои асосие, ки Хазина дар фаъолияти худ пеша мегирад – ин самти иҷтимоӣ, шаффофият, касбият, поквиҷдонӣ ва масъулиятнокии молиявӣ мебошанд.
Вазифаҳои асосии Хазина
Хазина барои ноил гардидан ба мақсадҳои худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҷубронпулии суғуртаро сари вақт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;
- феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии аъзои Хазинаро пеш мебарад;
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ мекунад;
- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд;
- маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад;
- бо мақсади андӯхти молу мулки Хазина маблағҳои Хазинаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад;
- тибқи моддаи 311 Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” тавассути маблағгузорӣ дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ иштирок менамояд;
- дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани қонун дархост мекунад;
- ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд;
- санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамал ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд;
- бо мақсади нигаҳдории боварии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъмини кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ аҳли ҷомеаро хабардор менамояд;
- вазифаи хизматрасонии молиявиро анҷом медиҳад;
- дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
Маблағи Хазина
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” маблағи Хазина аз инҳо иборат мебошад:
- Пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ (аъзоҳақӣ, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ);
- Даромад аз сармоягузорӣ;
- Маблағи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифташуда;
- Маблағи барои қонеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд;
- Инчунин, аз дигар маблағҳое иборат мебошад, ки қонун манъ накардааст.
Маблағҳои Хазина дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикситон нигоҳ дошта мешаванд. Хазина аз ҳисоби маблағҳои ҷамъвардаи худ ҷуброни суғуртаи пасандоздҳои шахсони воқеиро ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд. Андозаи ниҳоии маблағи Хазина дар ҳаҷми ҳафт фоизи ҳамаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади андӯхти дороиҳои худ Хазина тибқи Қонун ва сиёсати сармоягузорӣ фаъолияти сармоягузориро анҷом медиҳад, маблағи Хазинаро идора ва ҷойгир мекунад.
Хазина маблағҳои худро ба воситаҳои молиявии зерин сармоягузорӣ карда метавонад:
- коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ баровардашуда;
- коғазҳои қимтноки Бонки миллии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз, ки рейтинги баланди сармоягузориро дороанд.
Ҳамзамон бо ин, Хазина маблағҳои худро тибқи тартиби афзалиятнокӣ аз рӯи принсипҳои зерин сармоягузорӣ мекунад: 1) Бехатарӣ; 2) Пардохтпазирӣ; ва 3) Даромаднокӣ.