Ҳисоботи солона

Ҳисоботи солона

Ҳисоботи солонаи Хазина

Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” таҳия гардида, он ҳисоботи муфассалро дар бораи вазъи низоми суғуртаи пасандозҳо ва фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ дарбар мегирад.

Ҳисоботи солонаи Хазина барои соли молиявӣ аз тарафи Хазина ҳар сол то 15 феврал ба Шӯрои нозирони Хазина пешниҳод гардида, он аз тарафи Шӯрои нозирон то 15 марти соли молиявии оянда тасдиқ карда мешавад.

Маълумоти ҷамъбастӣ дар бораи ҳисоботи солонаи Хазина дар давоми сӣ рӯзи баъди аз тарафи Шӯрои нозирони Хазина тасдиқ гардидани он, дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

Ҳисоботи солонаи Хазина аз инҳо иборат аст:

– ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ;

– тавозуни муҳосибавии Хазина;

– ҳисобот дар бораи иҷрои харҷнома;

– таҳлили ҳолати низоми суғуртаи пасандозҳо;

– таҳлили истифодаи маблағи Хазина;

– дар бораи фоида ва зарари Хазина;

– тавозуни воситаҳои гардони Хазина;

– нусхаи Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина.