Хазина дар музоядаҳои фуруши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд

Хазина дар музоядаҳои фуруши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд

Хазина дар музоядаҳои фуруши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 21 июн соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи он дархости Хазина мувофиқан қонеъ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 6 – моҳа ва бо фоизи бозории то 8 фоизи солона бароварда шуда буданд.

 

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email