Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ (аудитори дохилӣ)

Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ (аудитори дохилӣ)

ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН

 барои ишғоли вазифаи холии зерин

 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 Аудитори дохилӣ (1 ҷой)

           Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, бонкдорӣ;
  • доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар самти аудити дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва комплаенс дар соҳаҳои ба фаъолияти бонкӣ ва аудиторӣ алоқаманд;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификатҳои дахлдори тахассусӣ афзалият дорад;
  • донистани қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • маҳорати баланди таҳлилӣ ва ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи кор дар компютер, низомҳои иттилоотӣ-автоматикии бонкӣ (НАБ), барномаҳои – MS Office (Word, Excel, Power Point);
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).

 

Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@idif.tj қабул карда мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 17.05.2024 сол.

Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05, 44-600-35-45;

Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email