Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ

Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ

ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ
барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа (мутахассиси PR)”

Вазифаҳо: 

  • таҳия ва амалӣ намудани сиёсати ташкилот оид ба робита бо ҷомеа;
  • коркарди слоганҳо ва номгузории маводҳои чопӣ ва нашрӣ, матолиби PR, гузаронидани “PR-аксияҳо” ва “PR-кампанияҳо”;
  • ба роҳмонии ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма (ВАО), навиштани сенарияҳо барои роликҳои телевизионӣ ва рекламаҳо барои радио ва телевизион;
  • навиштани пресс-релизҳо, мақолаҳо, паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавобҳо ба саволҳо;
  • пешбурди кори сомонаи интернетӣ ва саҳифаи расмии ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • кор дар самти таҳияи маводҳои иттилоотию рекламавӣ оид ба ташкилот (брошюраҳо, буклетҳо, рӯнамоиҳо);
  • пайгирии маълумоти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои дахлдор дар нашрияҳои чопӣ, радио ва телевизион, инчунин дар интернет;
  • навиштани матни суханрониҳои роҳбарияти ташкилот;
  • баромадҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ;
  • ташкили кори маркази тамос (колл-сентр).

Талабот ба номзадҳо:

  • маълумоти олӣ дар самти бонкдорӣ-маркетинг, журналистика, идоракунии PR;
  • донистани асосҳо ва хусусиятҳои бозори рекламаи хизматрасониҳои бонкӣ ва муносибатҳои PR;
  • салоҳияти касбӣ, таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои робита бо ҷомеа ва ВАО;
  • малакаи хуби муошират ва маҳорати баланди ибрози нутқу андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • қобилиятҳои хуби ташкилотчигӣ, масъулиятнокӣ ва муқовимат ба стресс, саъю кӯшиш барои худомӯзӣ;
  • донишу малакаи хуби истифодабарии компютер;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар дараҷаи олӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.

Дархостҳо то 29/03/2021с. қабул карда мешаванд.

Резюмеро ба суроғаи электронии info@idif.tj бо нишон додани номгӯи «Мутахассис оиди робита бо ҷомеа» ирсол намоед.

Эзоҳ:  барои мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ мебошанд.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email