Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ
Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

30.06.2022

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии ҳисоботи молиявии Хазина барои соли молиявие, ки санаи 31 декабри соли 2022 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад.

Дар озмун танҳо он ширкатҳое, ки метавонанд аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд, иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиториро зарур аст дархости расмӣ ва арзиши хизматрасонии худро оид ба гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина, инчунин шартҳо ва мӯҳлатҳои онро пешниҳод намоянд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 01 августи соли 2022 муқаррар шудааст.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол намоянд:

Email: info@idif.tj

Телефон барои тамос: +(992 44) 600-35-45

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email