Дар бораи тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Дар бораи тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №34 аз 26 феврали соли 2020 иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ «Тиҷорат – қарз» бо сабаби барҳамдиҳии ихтиёрӣ бозхонд карда шуд. Дар асоси қарори мазкур ҶДММ ТАҚХ «Тиҷорат – қарз» санаи 5 марти соли 2020 аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хориҷ карда шуд.

Ҳамин тавр, айни замон шумораи иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 36 ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 15 ададро бонкҳо ва 21 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email