Дар бораи тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Дар бораи тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ
Дар бораи тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

22.05.2023 

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2023, №54 иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо сабаби барҳамдиҳии ихтиёрӣ бозхонд карда шуд.

Дар асоси қарори мазкур Тасдиқномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дар бораи узвият дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз санаи 20 сентябри соли 2011, №019 аз эътибор соқит гардида, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Ҳамин тавр, айни замон шумораи иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 31 ташкилотҳои қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 12 ададро бонкҳо, 1 ададро ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 18 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳад.  

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email