Дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”

Дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”

25.06.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №108 аз 22 июни соли 2021, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, иҷозатнома ҶСП “Бонки фаръии БМТ Покистон дар Тоҷикистон” барои фаъолияти бонкӣ вобаста ба қарори Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки фаръии БМТ Покистон дар Тоҷикистон” дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ (худбарҳамдиҳӣ) бозхонд карда шуд.

Мақомоти ваколатдори ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” вазифадор карда шудааст, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Бояд қайд кард, ки қарор оиди барҳамхурии ихтиёрӣ дар асоси стратегияи амалиётии худи Бонки Миллии Покистон бароварда шудааст, ки он маҳдуд кардани фаъолияти бонкро дар як қатор кишварҳоро, аз он ҷумла дар Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар бар мегирад.

Тибқи қарори дар боло зикршуда, ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хориҷ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, айни замон шумораи иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 29 ташкилоти қарзиро дар бар мегирад, ки аз он 12 адад бонк ва 17 адад ташкилоти амонатии кредитии хурд мебошанд.

Барои маълумот:

ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” фаъолияти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2012, № 59 анҷом додааст. Ба бонки ҶСП “Бонки фаръии БМТ Покистон дар Тоҷикистон” аз тарафи Хазина соли 2012 шаҳодатномаи узвият дар Хазина таҳти №42 дода шуда, бонк ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ворид карда шуда буд.

 

Дар бораи Хазина:

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон тавассути пардохти ҷубронпулии суғурта ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email

Охирин хабарҳо

Мо дар Facebook