Ба диққати пасандоздорони ҶСП «Кафолатбонк»

Ба диққати пасандоздорони ҶСП «Кафолатбонк»
Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП «Кафолатбонк» оғоз менамояд

19.11.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 19-уми ноябри соли 2021 пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСП «Кафолатбонк» оғоз мегардад.

ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ба сифтаи бонк-агент таъин гардида, аз ном ва ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП “Кафолатбонк” пардохт мекунад. Пардохти ҷубронпулии суғурта дар саридораи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” воқеъ дар суроғаи ш.Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қарабоев 148/1 аз санаи 19 ноябри соли 2021 амалӣ карда мешавад.

Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби барҳамдиҳандаи ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

Пасандоздорон метавонанд, маблағи ҷубронпулиро аз бонк-агент тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки дар аризаашон нишон додаанд, гиранд. Ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт карда мешавад. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқарраршуда, ҷуброн карда мешаванд.

Ба таваҷҷуҳи пасандоздорон расонида мешавад, ки қабули ариза ва пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути бонк-агент дар давоми як сол аз санаи  фарорасии ҳолати суғуртавӣ, амалӣ карда мешавад.

Бо маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта метавонед аз истиноди мазкур шинос шавед: Тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта 

Тамос:

 

Барои маълумот:

Иҷозатномаи ҶСП “Кафолатбонк” тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 2021, таҳти №160 барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСП “Кафолатбонк” аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз санаи 02-юми ноябри соли 2021 қабул карда шудааст.

Дар бораи Хазина:

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ҷубронпулии суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандози то дархостӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд пардохт мекунад.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email