Ҷавоб ба саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)
1) Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ чист?
Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ мебошад.
Мақсади низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ин таъмини низоми суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Масъалаҳои суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» танзим карда мешавад.
2) Суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷониби кадом мақомот амалӣ карда мешавад?
Бо мақсади суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар соли 2004-ум Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) таъсис дода шудааст. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд. Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ё худ барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба пасандоздорони суғурташуда тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда ҷубронпулии суғуртаро пардохт менамояд.
3) Ҷубронпулии суғурта чист?
Ҷубронпулии суғурта – маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад.
4) Ҳолати суғуртавӣ чист?
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» мебошад, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
5) Кадом ташкилотҳои қарзӣ узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд ва аз куҷо инро фаҳмида мешавад?
Ташкилотҳои қарзӣ, ки шаҳодатномаи узвият дар Хазинаро гирифтаанд, узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд. Феҳристи ташкилотҳои қарзии – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар сомонаи Хазина дар суроғаи зерин нашр шудааст.
6) Кадом андозаи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ба пасандоздорон ҷуброн карда мешавад?
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1551 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 34 000 сомонӣ1 ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 23 800 сомонӣ1 мебошад.
Қисми боқимондаи маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда) тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда, ба мизоҷон пардохт карда мешавад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад, агар:
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо пули миллӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта ба андозаи на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо асъори хориҷӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ суратҳисобҳои пасандозӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дошта бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ дар асоси меъёрҳои дар қисми 1 моддаи 22 Қонун пешбинишуда пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи умумии ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳо набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
1 – Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023” аз 1-уми январи с.2023 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 68 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
7) Кадом намуди пасандозҳои шахсонӣ вокеӣ аз ҷониби Хазина суғурта карда мешаванд?
Пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина суғурта карда мешаванд.
8) Фоизи пасандозҳо ҷуброн карда мешавад??
Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар мутобиқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, онгоҳ ҷубронпулии суғурта аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.
9) Бо кадом асъор ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад?
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
10) Бонк-агент чист?
Бонк агент – ташкилоти қарзие, ки тавассути он Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон мувофиқи талаботи қонунгузорӣ пардохт мекунад.
11) Дар кадом шакл пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон анҷом дода мешавад?
Пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди бонк-агент, ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулиро дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда, инчунин дар сомонаи расмии Хазина www.idif.tj ҷойгир карда мешавад.
Баъд аз оне, ки Хазина маълумотро оиди оғози пардохти ҷубронпулӣ эълон кард, пасандоздор ё ин ки намояндаи ваколатдори ӯ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бонк-агенти хизматрасони Хазина муроҷиат намуда, дар он ҷо аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо пур намояд. Ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдӣ ва ё ғайринақдӣ тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад.
Бояд дар хотир дошт, ки барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздор метавонад дар давоми як сол дар дилхоҳ вақте, ки ба ӯ муносиб аст ба бонк-агент муроҷиат намоянд. Агар имконият бошад дар рӯзҳои аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб кардан лозим нест – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад.
12) Ҷубронпулии суғурта ба дорандагони корти пардохтӣ, аз ҷумла аз рӯи лоиҳаҳои музди меҳнат пардохт карда мешавад?
Бале, ҳангоми ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ, ҳамчун объекти ҳатмии суғуртакунӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад.
13) Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон дар кадом муҳлатҳо пардохт мекунад?
Раванди пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда баъд аз 14 рӯз аз санаи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, агар санаи дигаре аз ҷониби Хазина муайян карда нашуда бошад, оғоз мегардад.
Ҳамзамон, пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор аз тарафи бонк-агенти Хазина дар муҳлати на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ аз рӯзи аз ҷониби пасандоздор пешниҳод гардидани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои ба ӯ пардохт кардани ҷубронпулии суғурта тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.
14) Агар пасандоздор дар якчанд ташкилоти қарзи барҳамхӯрда маблағи пасандоз дошта бошад, вай дар кадом андоза ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро дорад?
Дар сурати барҳамхӯрӣ ва рух додани ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ, ки пасандоздор дар онҳо суратҳисобҳои пасандозӣ дорад, он гоҳ маблағи ҷубронпулӣ ба пасандоздор нисбат ба ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда шуда, ба андозае, ки дар қонунгузорӣ муайян шудааст, пардохта мешавад.
15) Аз рӯи кадом пасандозҳо ҷубронпулии суғурта пардохт карда намешавад?
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
– пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзи пасандоздор ҳуқуқ дорад;
– пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
– пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
– пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
– пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
– пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
– пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
– пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
– пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
– пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.
16) Агар пасандоздор шахсан имконияти гирифтани маблағи ҷубронпулии суғуртаро надошта бошад (мисол, дар ҳолатҳои маризӣ, ношоямӣ ё берун аз ҳудуди кишвар будан), он гоҳ чи тавр ӯ метавонад маблағи пасандозҳои суғурташударо гирад?
Маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо метавонад ба шахси дигар дар асоси ваколатноме, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, дода шавад. Дар ин ҳолат, намояндаи пасандоздор барои гирифтани ҷубронпулӣ бояд ба бонк-агент бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар), аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршуда, инчунин пешниҳоди ваколатнома, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба расмият дароварда шудааст, муроҷиат намояд.
17) Агар пасандоз ба кӯдаки ноболиғ таалуқ дошта бошад, он гоҳ пардохти ҷубронпулии суғурта чӣ тавр амалӣ карда мешавад?
Пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозе, ки ба кӯдаки ноболиғ таалуқ дорад метавонад ба шахси дигар (волидайн, парастор ё шахси дигар) дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба расмият дароварда шудааст пардохт карда шавад.
18) Кадом шахсони воқеӣ пас аз марги пасандоздор ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро доранд?
Пас аз марги пасандоздор ворисони пасандоздор дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро бо ҳиссаҳои муайян, ки ҳаҷми умумии онҳо на бештар аз андозаи ҷубронпулӣ шуда метавонад, доранд.
19) Маблағи ҷуброни суғурта чӣ гуна ҳисоб карда мешавад, агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби пасандоз дошта бошад?
Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби пасандоз ҳамчун як пасандоз дониста, то рӯзи пардохти пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо, агар бошанд, бояд алоҳида ҷуброн карда шавад.
20) Маблағи ҷуброни суғурта аз рӯи пасандозҳои дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошташаванда, чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як пасандоз дониста мешавад.
21) Дар давоми кадом мӯҳлат пасандоздор метавонад ба Хазина ва ба бонк-агент барои гирифтани ҷубронпулии суғурта муроҷиат намояд??
Пасандоздор ё намояндаи ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба бонк-агент ва ё ба Хазина муроҷиат кунад.
22) Агар мӯҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта гузарад, пасандоздор барои гирифтани маблағи ҷубронпулӣ чӣ бояд кунад?
Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” пасандоздор ё намояндаи ӯ бо ариза, ки шаклашро Хазина муқаррар мекунад, барои тамдиди мӯҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта ба Хазина муроҷиат мекунад.
Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
– дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.
Агар Хазина мӯҳлатро тамдид карда бошад, Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархости ҷубронпулӣ пардохт мекунад.
Дар дигар ҳолатҳои бо Қонун пешбинӣ нашуда, маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба пасандоздорон пардохт карда мешаванд.
23) Кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пасандоздор барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пешниҳод намояд?
Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор бояд ба бонк-агент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) ва аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо бояд пешниҳод намояд.
24) Аз куҷо пасандоздорон метавонанд маълумот оид ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро дастрас намоянд?
Пасандоздорон метавонанд ба ташкилоти қарзие, ки мехоҳанд дар он пасандоз гузоранд муроҷиат намоянд ё ин ки ба рақами телефони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (+992) 44 600-32-45, 44 600-35-45 занг зананд ё аз сомонаи Хазина истифода баранд.