Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд

Хазинаи суғуртаи пасаедозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” аз 1 январи соли 2020 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғурати пасандозҳои шахсони воқеӣ” андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.

Ҳамин тавр, аз санаи 1 январи соли 2020 андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 29000 сомонӣ ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 20300 сомониро ташкил медиҳад.

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email

Охирин хабарҳо

Мо дар Facebook