Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунии пасандозҳо, (International Association of Deposit Insurers, IADI) соли 2002 бо мақсади баланд намудани самарнокии низоми суғуртакунии пасандозҳо дар тамоми ҷаҳон, тавассути таҳия ва амали намудани методологияи инъикосгари таҷрибаи пешқадами ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ дар доираи ҷомеаи байналмилалии мутахассисон ташкил карда шуд.
Ташкилотҳои – узви IADI якҷоя тадқиқотҳо гузаронида барои ташкилотҳои суғуртакунии навташкил ва рушди низомҳои суғуртакунии амалкунанда методологияро таҳия менамоянд. Ғайр аз ин, IADI барои мутахассисон ҳамчун пойгоҳ барои баҳсу омӯзиши таҷриба аз рӯи масъалаҳои актуалии соҳаи рушди низоми суғуртакунии пасандозҳо истифода карда мешавад.
IADI – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар назди Бонки ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ фаъолият менамояд
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунии пасандозҳо (IADI) ба сифати мушоҳид фаъолият менамояд.