24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

24.11.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамаи ҳамватанонро бо рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро орзу менамояд.

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Бори дигар дар ин рӯзи муҳим ба кулли мардуми Тоҷикистон сиҳативу сарбаландӣ ва зиндагии осудаву сарсабзро таманно менамоем. Бигузор Парчами мо дар фазои ободу озоди кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Илова кунед:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on google
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email