Тартиби узвият ба Хазина

Тартиби узвият ба Хазина

Тартиби узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина

Мутобиқи моддаи 12 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дорад, узви Хазина мебошад.

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

1. Мактуби расмии ташкилоти қарзӣ ба номи Раиси Хазина оиди қабул намудани он ба узвияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;

2. Нусхаи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ;

3. Ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ дар санаи аъзошавӣ ба Хазина;

4. Пардохти ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба суратҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон:

Суратҳисоб дар БМТ : 22802972200046
РМА 010018157
БИК 350101101

Хазина дар давоми се рӯзи кор баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил намуда, ба он Тасдиқномаи узвиятро медиҳад.