Тартиби пардохтҳо ба Хазина

Тартиби пардохтҳо ба Хазина

Ташкилотҳои қарзии узви Хазина мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” пардохтҳоро ба Хазина тибқи тартиби муқарраршуда месупоранд. Пардохтҳо бебозгашт буда, аз ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ иборат мебошанд.

Ҳаққи узвият аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давоми се рӯзи баъди гирифтани
иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба Хазина пардохт карда мешавад.

Пардохтҳои тақвимӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳар семоҳа ба андозаи 0,1 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо асъори хориҷӣ аз рӯи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт карда мешаванд. 

Ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзие, ки дар он ҳолати суғуртавӣ ба вуқӯъ омадааст, бо мақсади рафъи касри Хазина ба андозаи дукаратаи пардохтҳои тақвимӣ ба Хазина пардохтҳои иловагии якдафъаинаро месупоранд.