Стратегияи рушди Хазина

Стратегияи рушди Хазина


Стратегияи рушди Хазина

Стратегияи рушди Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои солҳои 2017-2022 бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳо барои рушди минбаъдаи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Ҷиҳати ба ҳадди аксар расонидани фаъолияти самараноки худ, Хазина дар ҳуҷҷати мазкур ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хазинаро барои панҷ соли оянда муайян намудааст. Самтҳои стратегиии фаъолият дар асоси таҳлили вазъи иқтисодӣ ва хавфҳои пешбинишаванда дар низоми бонкӣ таҳия шудааст.

Стратегияи Хазина асосҳоро ҷиҳати татбиқи мақсадҳои асосии Хазина – комёб будан ҳамчун ташкилоти самараноки суғуртакунандаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки вазифаҳои вогузоршударо бо дарназардошти дастовардҳои пешқадами таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ менамояд, муайян мекунад.