Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғуртавии Хазина

Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғуртавии Хазина

Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғуртавии Хазина

Пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври автоматикӣ суғурта карда мешаванд ва аз ҷониби пасандоздор шартномаи суғуртаро талаб намекунад. Объекти суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд.

Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:

  • пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ пасандоздор ҳуқуқ дорад;
  • пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
  • пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
  • пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
  • пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
  • пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
  • пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
  • пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
  • пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.
  • пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

Ҷуброни пули суғурта

Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.

Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ, мутобиқи Қонун, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо чунин мебошад:

  • бо пули миллӣ на зиёда аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
  • бо асъори хориҷӣ на зиёда аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар тибқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.