Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо чист?
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, мебошад.
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо кафолати ҷуброни амонату пасандозҳоро таъмин менамояд. Ҳадафи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” танзим карда мешавад.
Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд.
Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд, инчунин дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:
- Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
- Таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.