Маслиҳат ба пасандоздорон

Маслиҳат ба пасандоздорон
Маслиҳатҳои муфид ба пасандоздорон

 

1. Ташкилоти қарзиеро, ки дар он мехоҳед амонату пасандоз гузоред озмуда бароед

Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед суратҳисоб кушода, амонату пасандоз гузоред, узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аст. Барои ин Шумо метавонед ба суроғаи мазкури сомонаи расмии Хазина ворид шавед ва ташкилотҳои қарзиро дар рӯйхати иштирокчиён пайдо кунед.

2. Маълумоти шартномаи пасандозиро аз назар гузаронед

Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, РМА, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани амонату пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.

3. Дар хотир гиред, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:

– пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;

– пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;

– пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;

– пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;

– пасандозҳои шахсоне, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;

– пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;

– пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.

– пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

4. Хавотир нашавед ва дар хотир доред

Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:

– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;

– дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.