Ҷавоб ба саволҳои зуд-зуд пурсидашаванда

Ҷавоб ба саволҳои зуд-зуд пурсидашаванда

1) Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ чист?

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ мебошад.
Мақсади низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ин таъмини низоми суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Масъалаҳои суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» танзим карда мешавад.

2) Суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷониби кадом мақомот амалӣ карда мешавад?

Бо мақсади суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар соли 2004-ум Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) таъсис дода шудааст. Хазина ҳангоми барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба пасандоздорони суғурташуда тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда ҷубронпулии суғуртаро пардохт менамояд.

3) Кадом ташкилотҳои қарзӣ узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд ва аз куҷо инро фаҳмида мешавад?

Ташкилотҳои қарзӣ, ки шаҳодатномаи узвият дар Хазинаро гирифтаанд, узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд. Феҳристи ташкилотҳои қарзии – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар сомонаи Хазина www.idif.tj бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст.

4) Кадом андозаи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ба пасандоздорон ҷуброн карда мешавад?

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018, №1551 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад, агар:
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо пули миллӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта ба андозаи на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо асъори хориҷӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
– пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ суратҳисобҳои пасандозӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дошта бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ дар асоси меъёрҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи умумии ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳо набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

5) Фоизи пасандозҳо ҷуброн карда мешавад??

Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар мутобиқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, онгоҳ ҷубронпулии суғурта аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.

6) Бо кадом асъор ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад?

Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.

 7) Дар кадом шакл пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон анҷом дода мешавад?

Ҷубронпулии пасандозҳо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдина ва ғайринақдина тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад.

8) Ҷубронпулии суғурта ба дорандагони корти пардохтӣ, аз ҷумла аз рӯи лоиҳаҳои музди меҳнат пардохт карда мешавад?

Бале, ҳангоми ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ, ҳамчун объекти ҳатмии суғуртакунӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад.

9) Аз рӯи кадом пасандозҳо ҷубронпулии суғурта пардохт карда намешавад?

Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
– пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзи пасандоздор ҳуқуқ дорад;
– пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
– пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
– пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
– пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
– пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
– пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
– пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
– пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
– пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

10) Агар пасандоздор имконияти гирифтани маблағи ҷубронпулии суғуртаро надошта бошад, онгоҳ чи тавр ӯ метавонад маблағи пасандозҳои суғурташударо гирад?

Маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо метавонад ба шахси дигар дар асоси ваколатноме, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, дода шавад.

11) Агар пасандоз ба кӯдаки ноболиғ таалуқ дошта бошад, онгоҳ пардохти ҷубронпулии суғурта чӣ тавр амалӣ карда мешавад?

Пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозе, ки ба кӯдаки ноболиғ таалуқ дорад метавонад ба шахси дигар (волидайн, парастор ё шахси дигар) дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба расмият дароварда шудааст пардохт карда шавад.

12) Кадом шахсони воқеӣ пас аз марги пасандоздор ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро доранд?

Пас аз марги пасандоздор ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро ворисони пасандоздор доранд, дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст.

13) Дар давоми кадом мӯҳлат пасандоздор метавонад ба Хазина барои гирифтани ҷубронпулии суғурта муроҷиат намояд??  

Пасандоздор ё намояндаи ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба вай муроҷиат кунад.

14) Кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пасандоздор барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пешниҳод намояд?

Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор бояд ба бонк-агент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) ва аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо бояд пешниҳод намояд.

15) Аз куҷо пасандоздорон метавонанд маълумот оид ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро дастрас намоянд?

Пасандоздорон метавонанд ба ташкилоти қарзие, ки мехоҳанд дар он пасандоз гузоранд муроҷиат намоянд ё ин ки ба рақами телефони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (+992) 44 600 35 42 занг зананд ё аз сомонаи Хазина дар шабакаи интернет www.idif.tj истифода баранд.